Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми сангсор - бозгашт ба давраи Толибон


Созмони ҳуқуқи башар (HRW) аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ки пешниҳоди ҳукми сангсор дар Қонуни нави ҷиноиро радд кунад.

Созмони ҳуқуқи башар, Ҳюман Райт Вотч хоҳони радди пешниҳоди иҷрои ҳукми сангсор дар Афғонистон шудааст. Гуфта шудааст, ки як гурӯҳе аз коршиносони вазорати адлия оид ба ворид кардани ин банд дар қонуни нави ҷазои Афғонистон, кор мекунанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи душанбе бо пахши як эъломия гуфт, кӯмаккунандагони байналмилалии Афғонистон, аз ҷумла афроде, ки аз раванди ислоҳоти додгоҳӣ ҳимоят мекунанд, бояд ба раиси ҷумҳури он кишвар Ҳомид Карзай паёми рӯшан бифиристанд. Ба пояи ин эъломия, ба Ҳомиди Карзай бояд гуфта шавад, ки ворид кардани муҷозоти сангсор дар Қонуни нави ҷазои Афғонистон, таъсири бад ба раванди расонидани кӯмакҳо ба ҳукумати Кобул хоҳад дошт.

Брад Адамз, раиси бахши осиёӣ дар Cозмони ҳуқуқи башар гуфтааст, комилан такондиҳанда аст, ки пас аз гузашти 12 сол аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ҳукумати Карзай мумкин ҳукми сангсорро дубора татбиқ кунад."
Оқои Адамз ҳамчунон афзудааст, раиси ҷумҳур Карзай бояд ваъдаҳои худро оид ба риоя намудани ҳуқуқи башар амалӣ кунад ва пешниҳоди ворид кардани ҳукми сангсор дар қонуни ҷазоро радд намояд.

Ҳайдар Бор, муҳаққиқи аршади бахши Афғонистон дар созмони Созмони ҳуқуқи башар дар радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмими ҳукумати Афғонистон онҳоро нигарон сохтааст. Ӯ дар идома афзуд: "Хуб, ин як раванди хеле такондиҳанда аст. Сангсор дар пеши чашми ҳама равиши замони Толибон дар Афғонистон ва яке аз такондиҳандатарин аъмоли ҳукумати Толибон будааст. Ин ҳақиқат, ки пас аз 12 соли ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ ҳоло ҳукумати Афғонистон дар мавриди бардоштани чунин як гом фикр мекунад, зиёд дилсардкунанда ва ниҳоят такондиҳанда аст.

Вазорати адлияи Афғонистон таъйид мекунад, ки ин банд шомили пешнависи Қонуни ҷазо шудааст. Аммо Абдурауфи Ҳиравӣ, сарпарасти раёсати қонунгузории ин вазорат мегӯяд, шартҳое дар назар гирифта шудааст, ки татбиқи ҳукми сангсорро комилан маҳдуд мекунад. "Агар шахси оиладор зино мекунад, бояд чаҳор нафар шаҳодат бидиҳад, ки мардро бо зан диданд, ки саргарми зино буданд. Агар се нафар ҳамин гуна шаҳодат бидиҳанд ва ду нафар шаҳодат надиҳад, се фарде, ки шаҳодат додаанд, бояд шаллоқ бихӯранд." Ба гуфтаи оқои Ҳиравӣ, ҳанӯз баҳсҳо дар мавриди ниҳоӣ сохтани пешнависи қонуни нави ҷазои Афғонистон идома доранд ва тасмими қатъӣ дар ин маврид гирифта нашудааст.

Созмони ҳуқуқи башар дар ҳоле аз дарҷ шудани банди сангсор дар пешнависи Қонуни ҷазои Афғонистон нигарон аст, ки пеш аз ин раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай сангсори афрод аз сӯи Толибонро маҳкум карда буд. Толибон давоми солҳои гузашта шуморе аз афродро ба иттиҳоми зино сангсор кардаанд. Ин иқдоми Толибон аксуламалҳои тунди ниҳодҳои пуштибон аз ҳуқуқи башарро барангехтааст.
XS
SM
MD
LG