Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуд Аҳмадинажод ба додгоҳи ҷурму ҷиноёт ҳозир нашуд


Маҳмуд Аҳмадинежод
Маҳмуд Аҳмадинежод
Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури пешини Эрон ба додгоҳи ҷурму ҷиноёт ҳозир нашудааст, то ба суолҳо дар бораи 9 парвандаи вобаста ба давраи раёсати ҷумҳуриаш ҷавоб диҳад. Бояд Аҳмадинежод рӯзи сешанбе дар Теҳрон барои мурофиаи муқаддамотӣ ба додгоҳ ҳозир мешуд.

Додгоҳ тасмим гирифт, ки дар ғиёби Аҳмадинежод баррасии парвандаро оғоз кунад. Парвандаи зидди раиси ҷумҳури пешин аз ҷумла таъхир дар фаъолияти Вазорати ҷавонону варзиш, иҷро нашудани сохтори ширкати миллии нафти Эрон, ҷудо накардани маблағ барои сохтмони метрроро дар бар мегирад.

Маҳмуд Аҳмадинежод аз соли 2005 то соли 2013 раиси ҷумҳури Эрон буд. Баъд аз вай Ҳасан Рӯҳонӣ раиси ҷумҳур интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG