Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Келдибенков роҳи Қирғизистон-Чинро боз карданд


Ҷонибдорони Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон баъд аз 24 соати бастани роҳи аслии мошинрави Ӯш шабона мошинҳои худро аз роҳ гирифтанд ва роҳро боз карданд. Аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ садҳо мошин дар роҳи Ӯш-Эркенчтам гузошта шуда буд ва то ҳол роҳи миёни Қирғизистону Чин баста буд.

Сухангӯи ҳизби мухолифи Ата Жорти Қирғизистон рӯзи сешанбе дар Ӯш ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҷонибдорони Келдибеков эътирозҳои дигарро ба нақша гирифаанд ва аз Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур дархост мекунанд, ки Келдибековро раҳо кунанд.

Келдибеков узви ҳизби Ата Жорт аст ва солҳои 2010-2011 раиси порламони Қирғизистон буд. Вайро ҳафтаи гузашта барои суистифода аз мақом дар давраи кораш дар Бунёди давлатии иҷтимоӣ ва дар Хадамоти андоз муттаҳам медонанд. Қамчибек Ташиев-раиси ҳизби Ата Жорт мегӯяд, боздошти Келдибеков ангезаи сисёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG