Дар Душанбе нишасти масъулини ниҳодҳои зидди маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсояву шарикони стратегии Тоҷикистон ва ҳам Созмони милали муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо барпо мешавад. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нишасти рӯзи 29 ноябр хусусияти ғайрирасмӣ дошта, дар доираи “Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2011-2014” баргузор хоҳад шуд. Дар ин нишасти ҳайатҳои кишварҳои Афғонистан, Эрон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Русия, Чин, ИМА, Туркия, инчунин намояндагони СММ ва Иттиҳоди Аврупо роҳҳои ҷилавгирӣ аз тавсеаи маводи мухаддир баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои НАТО дар соли 2014-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст роҳҳои бархӯрди ягона ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва муқовимат бо маводи мухаддир дар минтақа баъд аз берун шудани нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014 баррасӣ мешавад.