Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррароти вуруд Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ барои се кишвар


Бино ба хабари Интерфакс, Александр Аксёнов-раҳбари яке аз бахшҳои Хадмоти федеролии муҳоҷирати Русия изҳор дошт, ки ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистону Украина ва Қирғизистон дар посух ба тасмими Русия дар бораи вуруд бо шиносномаҳои хориҷӣ аз соли 2015 тасмими мушобеҳ хоҳанд гирифт. Аксёнов гуфт, ҳоло ба ҷуз аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Гумрукӣ се кишвари дигар мондаанд, ки бо шиносномаҳои дохилии худ вориди Русия мешаванд. Вай аз Украинаву Тоҷикистон ва Қирғизистон ном бурд.

Ба ин далел Русия низ судури шиносномаҳои хориҷӣ барои шаҳрвандонашро афзоиш хоҳад дод. Русия интизор дорад, ки шумораи бештари шаҳрвандонаш ба Украина хоҳанд рафт.

Ба гуфтаи Аксёнов ҳар сол аз 3 то 3,5 миллион шаҳрвандони Русия барои зист ба Украина мераванд, ки ин шумора зиёд ва барои Русия дардовар аст. Оқои Асёнов дар мавриди Украина меафзояд, замоне як деҳ дар қаламрави ду кишвар воқеъ буд.

Бо назардошти сару садоҳо дар бораи ҷорӣ кардани раводид бо ин кишварҳо 16 октябр Константин Ромодановский гуфт, агар Русия дар муносиботи худ бо ин кишварҳо аз роҳи узвият дар Иттиҳодияи Гумрукӣ пеш равад, дар он сурат бо ин кишварҳо ҳатто сӯҳбат дар бораи раводид зарурат надорад.
XS
SM
MD
LG