Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко гуруснанишинии бемӯҳлат эълон кард


Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина ба нишонаи ҳамбастагӣ бо эътирозҳо ва раҳпаймоиҳои Киев гуруснанишинии бемӯҳлат эълон кардааст. Раҳпаймоён тақозо мекунанд, ки Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкории наздик дошта бошад.

Ҳазорон нафар ширкаткунандагони эътирозҳо рӯзи душанбе аз президент Виктор Янукович хостанд, ки дар қарордоди ҳамкорӣ ва тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупо имзо гузорад. Эътирозгарон дар давоми ин ду рӯз бо пулис вориди задухурд шуданд.

Аз сӯи дигар, рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо Русияро гунаҳгор кард, ки ба Украина фишор меорад, то аз чунин қарордоди ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худро дур нигоҳ дорад.
XS
SM
MD
LG