Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи "шашгона" вориди Женева мешаванд


Вазирони умури хориҷии шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ширкат дар даври ниҳоии музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон вориди Женева мешаванд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи ҷумъа ба Женева омад, ҳамтоҳояш аз Фаронса, Бритониё, Чин, ИМА ва Олмон ширкат дар даври ниҳоии музокиротро тайид карданд.

Аз ин пеш як дипломати Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргузориҳо гуфт, ки раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодия Кэтрин Эштон ва вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар гуфтушуниди рӯзи ҷумъа дар ҳалли мушкилоти аслӣ ба тавофуқ даст ёфтаанд. Расонаҳои Чин аз қавли вазорати умури хориҷии кишвар навиштанд, ки музокирот ба марҳалаи ниҳоии худ расидааст.

“Шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки ба ивази коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ бархе аз бахшҳои барномаи ҳастаияшро мутаваққиф кунад.
XS
SM
MD
LG