Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, зимни номаи табрикотӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ӯ хостааст, дар даври нави раёсати ҷумҳуриаш, “баҳри эҷоди фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ, матбуоти мустақил ва фаъолияти мусолиматомези динӣ иқдомоти муассир биандешад”. Дар номаи Ҷон Керрӣ, ки хабаргузории “Ховар” рӯзи ҷумъа нашр кардааст, ҳамчунин гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба аҳди худ барои мусоидат дар таҳкими демократияву рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими суботи саросарӣ ва амният дар минтақа содиқ аст. Йоахим Гаук, раиси ҷумҳури Олмон, низ дар паёми шодбошии худ аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки дар аҳди нави раёсати ҷумҳуриаш қотеъона роҳи ислоҳот, аз ҷумла барои рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро пеш бигирад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар интихоботи рӯзи 6-ноябр бо касби бештар аз 83 дар сади раъйи мардум пирӯз шуд, ҳарчанд нозирони ғарбӣ гуфтанд, ки интихобот мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт.