Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон дархости Амрикоро рад кард


Ҳукумати Афғонистон, дархости Амрико барои имзои паймони амниятӣ то поёни соли равонро рад кард. Аймал Файзӣ, сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки кишвараш “ҷадвалҳои замонии” Амрикоро эътироф намекунад. Паймони дуҷонибаи амниятӣ, роҳро барои нигоҳ доштани ҳазорон сарбози Амрико дар қаламрави Афғонистон пас аз тарки нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 фароҳам мекунад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи панҷшанбе ишора кард, ки паймони мазкурро то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи апрели соли оянда имзо нахоҳад кард. Аммо Кохи Сафед гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳам ҳанӯз дар бораи нигоҳ доштан ва ё надоштани сарбозони кишвараш дар Афғонистон қарори ниҳоиро қабул накардааст. Луя Ҷирга, шӯрои машваратии қабиласорону шахсиятҳои маъруфи Афғонистон тарҳи паймони амниятӣ бо Амрикоро баррасӣ дорад, ки қарор аст, барои тасвиб ба порлумон фиристода шавад.
XS
SM
MD
LG