Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерал Вилям Фрейзер


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон генерал Вилям Фрейзер, фармондеҳи Фармондеҳии нақлиёти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст. Масъалаи вазъияти Афғонистон пас аз соли 2014, яъне баъди хуруҷи неруҳои НАТО аз мавзуъҳои дигари ин мулоқот будааст. Аз ҷумла дар робита ба транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон тибқи Созишномаи бо НАТО бастааш, ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Генерал Вилям Фрейзер бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG