Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ҳукумати Украина сабаби тазоҳурот шуд


Ҳудуди 1000 нафар аз сокинони Киев субҳи рӯзи ҷумъа дар маркази шаҳр ҷамъ омада, аз қарори ҳукумат барои ба таъхир андохтани имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо эътироз карданд. Чанд автобуси маъмурони амниятӣ ҳам дар маҳалли тазоҳурот, майдони Истиқлоли Киев дида мешуд, ки дар он пешвоёни мухолифи давлати Украина суханронӣ карданд. Ҳукумати раиси ҷумҳури Виктор Янукович, рӯзи панҷшанбе гуфт, корҳои омодагӣ барои имзои аҳднома бо Иттиҳодияи Аврупоро муттавақиф мекунад. Қабл аз ин порлумони Украина санадеро тасвиб накард, ки иҷоза медод, Юлия Тимошенко, нахуствазири зиндонии Украина барои табобат ба хориҷ сафар кунад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз чунин қарори ҳукумати Украина ибрози таассуф карданд. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо умедвор буданд, ки аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Украинаро ҳафтаи оянда дар як нишаст дар шаҳри Вилнюс имзо мекунанд.
XS
SM
MD
LG