Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Кобулу Вошингтон дар бораи замони имзои созишномаи амниятӣ


Афғонистон ва Амрико дар мавриди замони тасвиби созишномаи амниятӣ, ихтилоф доранд.

Амрико аз Афғонистон хостааст, ки тавофуқномаи амниятӣ байни ду кишварро то поёни соли 2013 тасвиб кунад, аммо Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз эҳтимоли тасвиби он то моҳи апрели соли оянда гуфтааст. Ин изҳори назари оқои Карзай дар Лӯи Ҷиргаи машваратӣ дар рӯзи панҷшанбе, барои Вошингтон "ногаҳонӣ" "ҳайратангез" арзёбӣ шудааст.

Ҷош Ернест, аз сухангӯёни Кохи Сафед мегӯяд, чунин чизе пеши барномарезиҳои Амрико ва ҳампаймонҳояшро барои ҳузури онҳо пас аз соли 2014 мегирад. Карзай, ки аз "эҳтимол"-и тасвиби ин созишнома дар моҳи апрел гуфтаааст, онро ба пас аз интихоботи раёсати ҷумҳури вогузор кардааст, ки худ дар он ширкат намекунад. Сухангӯи Кохи Сафед низ таъкид кардааст, ки давлати Амрико ҳанӯз барои идомаи ҳузури нерӯҳои худ дар Афғонистон тасмиме нагирифтааст.

Ба ин тартиб, пас аз он, ки навиштани худи созишнома ва баҳсу музокирот дар мавриди он байни мақомҳои сиёсии ду кишвар муддатҳо тӯл кашид, имзои он бори дигир ба ҷолиши нав рӯбарӯ шудааст. Тавофуқномаи амниятӣ, ки акнун дар Лӯи Ҷиргаи Афғонистон ба баҳс гузошта шудааст, шароити ҳузури сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвар дар поёни соли 2014, таъйин муайян мекунад.

Соли 2014 амалан поёни маъмурияти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба шумор меравад ва ин тафовуқнома ба гуфтаи Ҳомид Карзай, на танҳо шароити ҳузури нерӯҳои амрикоӣ, балки дигар ҳампаймонҳои он кишвар, аз ҷумла кишварҳои исломиро низ муайян хоҳад кард.

Матни тавофуқнома акнун дар нишасти Лӯи Ҷиргаи Афғонистон аст, то се ҳазор узви ин Шӯро дар мавриди он тасмим бигиранд. Ин шӯро метавонад тавофуқномаро радд ё дар матни он тағйир ворид кунад. Пас аз он парлумони Афғонистон дар мавридаш тасмим мегирад. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин тавофуқнома танҳо ба таъйиди давлат ниёз дорад, албатта Вошингтон метавонад тағйироти эҳтимолӣ дар матни ин паймонро напазирад.
XS
SM
MD
LG