Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонов дар Рязан ба муҳоҷирони тоҷик забони русӣ ёд медиҳад


Алексей Афғонов дар миёна
Алексей Афғонов дар миёна
Алексей Афғонов-узви Кумитаи марказии иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар Кохи ҷамъиятии шаҳри Рязан ба муҳоҷирони кории тоҷик ройгон забони русӣ дарс медиҳад. Алексей Афғоновро дар доираҳои рӯзноманигории Русия хуб мешиносанд. Вай забони русӣ ва тоҷикиро хуб медонад ва солҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст.

Дарсҳои нахустини вай дар шакли сӯҳбат мегузарад ва вай дар бораи қонунҳои муҳоҷират, фарҳанги муошират, муносибат бо мардуми маҳаллӣ бо муҳоҷирон гуфтугӯ мекунад.

Муҳаммади Эгамзод-намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ин гуна дарсҳо нисбат ба барномаҳои васеи таълимӣ таъсири бештар ва аҳамияти бештар дорад, зеро ҳоло дар ҷомеаи Русия муносиботи аҳолии маҳаллӣ бо муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ чандон хуб нест ва марҳилаи мушкилро паси сар мекунад.
XS
SM
MD
LG