Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бонки низоми исломӣ сохта мешавад


Раиси Бонки Миллӣ гуфтааст дар Тоҷикистон бонкҳои низоми исломӣ сохта мешавад. Аз хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд, ки Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллӣ рӯзи чоршанбеи 20-уми ноябр дар вохӯрӣ бо ҳайати намояндагии давлати Қатар, таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ дар ин бора изҳор доштааст. Абдуҷабор Ширинов гуфтааст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.

Роҳбари ҳайати меҳмонони давлати Қатар Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намудааст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳаи низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошанд.
Манбаъ афзуд дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG