Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ ба дидори аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ рафт


Умедҷон Тоҷиев.
Умедҷон Тоҷиев.

Гурӯҳи намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба қасди ошноӣ бо вазъи ду узви боздоштшудаи худ ба шаҳри Исфара рафтаанд, вале барои вохурӣ бо онҳо боварӣ надоранд.

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҳизб дар масоили ҳуқуқ субҳи 21-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан гурӯрҳи ҲНИТ таҳти сарварии раиси он Муҳиддин Кабирӣ дар Исфара мебошанд ва ҳоло бо хонаводаи Умед Тоҷиев мулоқот доранд.

Вай афзуд, ки Юсуф Дониёров, ҳамчунин вакили мудофеъи Умед Тоҷиев, низ дар Исфара мебошад ва бояд аз Додситонии Исфара посухи худро дар хусуси дархосташ оид ба беморхона интиқол додани Умеҷон, барои шароити муносиб фароҳам оваранд гирад.

«Лекин гумон аст, ки гурӯҳи ҲНИТ аз худи Умед Тоҷиев, ки дар СИЗО қарор дорад хабар гирад, зеро ин ҳуқуқро танҳо вакили мудофеъаш доштааст.», мегӯяд Зарафо Раҳмонӣ.

Рӯзи 20-уми ноябр Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо ҳамроҳии чанд нафар аз аъзои раёсати ҳизб ба Хуҷанд рафта буд.

Чанд рӯз пештар, Муҳиддин Кабирӣ ба унвонии Шерхон Салимзода барои баррасии қазияи шиканҷаи гумонбаршудагон, Умедчон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов дархости вакилӣ фиристода буд. Дар ин дархост гуфта мешуд, ки ҷой доштани ҳодисаи шиканҷа ва фишорҳои равонӣ, ки аз тарафи вакилони гумонбаршудагон ошкор гаштааст, бояд тибқи қонун ва ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бояд мунсифона аз тарафи мақомот мавриди тафтиш қарор гирад.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 5-уми ноябр бо пахши муроҷиатномае аз мақомоти умури дохилаи кишвар тафтиши мунсифонаи ин қазияро талаб намуда, аз мақомоти интизомии кишвар тақозо кард, ки аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва беадолатиҳо дар рафти тафтишот ва аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш ҷилавгирӣ намоянд.

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рӯзи 30-юми октябр дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Вале рӯзи 2-уми ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст. Дар ҳафтаи гузашта пас аз табобат Умедҷон Тоҷиевро аз беморхона ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд.
Наздикону вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев аз он нигаронанд, ки мақомот гуфтаанд вай худро аз ошиёна 3-юм партофтааст, вале ба бовари онҳо, Тоҷиев "дар пайи озору шиканҷа аз ошиёнаи сеюм афтидааст." Мақомот мегӯяд, ҳоло дар ин бора тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG