Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 3 фаъоли зистмуҳитиро бо васиқа раҳо мекунанд


Greenpeace ё созмони зистмуҳитӣ мегӯяд, барои раҳоии се фаъоли зистмуҳитӣ аз боздошт бо васиқа маблағи кофӣ пардохт кардааст. Михаил Крейдлин-вакили мудофеи Greenpeace рӯзи сешанбе гуфт, ки барои раҳоии шаҳрвандони Русия Екатерина Заспа-пизишки Greenpeace дар киштӣ, Денис Синяков-аккос ва Андрей Аллахвердов-сухангӯи Greenpeace 6 миллион рубл баробар бо 184,300 доллар пардохт кардааст.

Рӯзи душанбе ба ҳамаи онҳо раҳоӣ бо васиқа ваъда дода шуд. Ин се нафар аз ҷумлаи 30 нафар фаъолони зистмуҳитии 18 кишвар мебошанд. Онҳо моҳи сентябр баъди эътироз бар зидди истихроҷи газ аз тарафи Газпром дар обҳои Арктик боздошт шуда буданд.

Русия дар ибтидо 28 нафар фаъолон ва 2 рӯзноманигорро барои роҳзанӣ муттаҳам мекард, ки он то 15 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Баъдтар ин иттиҳомотро бардоштанд ва онҳоро барои авбошӣ муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG