Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина қонуни муолиҷаи Тимошенкоро баррасӣ мекунад


19 ноябр порламони Украина пешнависи қонунеро баррасӣ мекунад, ки бар асоси он Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина метавонад дар хориҷ аз кишвар аз дарди тахтапушти худ муолиҷа бигирад.

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, қарордоди ҳамкориҳои озоди тиҷоратӣ бо Украина танҳо ба шарте ба имзо хоҳад расид, ки агар ба хонум Тимошенко иҷозаи муолиҷа дар хориҷ дода шавад. Имзои ин қарордордод 28-29 ноябр дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар Вилнюс дар назар гирифта шудааст.

Тимошенкоро барои суистифода аз мақом муттаҳам мекунанд. Лекин Иттиҳодияи Аврупо бар ин ақида аст, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон гуфт, то ҳол рӯшан нест, ки Киев мехоҳад шартҳои имзои ин қарордоди ҳамкориро иҷро кунад ё хайр.
XS
SM
MD
LG