Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сонеҳаи Боинг-737 - мушкили фаннӣ ё иштибоҳи халабонҳо?


Мақомоти изтирории Русия сабабҳои рӯх додани сонеҳаи фоҷиабори ҳавопаймои Боинг- 737 дар фурудгоҳи Қазонро таҳқиқ мекунанд

Ба ин хотир субҳи рӯзи душанбе мутахассисони вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия вориди пойтахти Тотористон шуданд. Фурудгоҳи Қазон то нимарӯзи душанбе барои қабул ва парвози ҳавопаймоҳо баста буд.

Ҳавопаймои Боинг-737-и хатсайри Маскав-Қазон шоми якшанбе ҳангоми фуруд омадан ба сонеҳа дучор шуд ва бар асари ба замин бархӯрдани он бордонҳо бо маводи сӯхт таркиданд, ки дар натиҷа сӯхтор ба амал омад ва он фақат субҳи рӯзи душанбе хомӯш карда шуд.

Дар ин ҳодиса ҳамаи 44 мусофир ва 6 халабону раҳбаладҳои ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. Муовини нахуствазири Тотористон Юрий Камолиддинов тайид кард, ки миёни қурбониён - Ирек Миннихонов, писари раисиҷумҳури Тотористон Рустам Миннихонов, Александр Антонов, раиси яке аз бахшҳои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Тотористон, ҳамчунин як шаҳрванди Бритониё ва як шаҳрванди Украина, низ ҳастанд.

Дар ҷойи суқути ҳавопаймои Боинг-737 дар фурудгоҳи шаҳри Қазон “қуттиҳои сиёҳ”, ки ҳама гуфтугӯи сарнишинҳоро сабт мекунад, ошкор шуданд ва мутахассисон ба омӯхтани онҳо шурӯъ карданд.

Ба иттилои расмӣ, дар Кумитаи тафтишоти Русия ду фарзияи асосии сонеҳа – мушкилоти фаннӣ ва дар робита ба ин иштибоҳи халабонҳо тафтиш мешавад.

Мутахассисон мегӯянд, ки фоҷиаи ахир мушкили таъмини амнияти мусофирон дар хатсайрҳои дохилии Русияро урён кард. Ба иттилои бахши тотору бошқирдии Радиои Озодӣ ҳавопаймои дар Қазон суқуткарда 23 сол пеш тавлид шуда буд ва аз ин пеш ба ҳафт ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, ширкатҳои Фаронса, Уганда, Бразилия, Руминия ва Булғористон мутаалиқ буд. Ин ҳавопаймо аз моҳи декабри соли 2008 дар ихтиёри ширкати ҳавопаймои “Тотористон” қарор дошт.

Бар пояи хабарҳо, як сол пеш ҳамин ҳавопаймо маҷбур шуд, ки баъд чанд лаҳзаи парвоз дар хатсайри Қазон-Маскав бар асари мушкили фаннӣ ба фурудгоҳи пойтахти Тотористон баргардад. Он вақт, хушбахтона, ба касе осеб
Дасти дуо ба ёди қурбониёни сонеҳа
Дасти дуо ба ёди қурбониёни сонеҳа
нарасида буд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳамин ҳавопаймо бо 102 мусофир ва 6 халабон дар як рӯзи боронии моҳи декабри соли 2001 ҳангоми пойин шудан дар фурудгоҳи шаҳри Белу Оризонтии Бразилия бошаст ба замин бархӯрд – дар натиҷа боли чапи ҳавопаймо шикаст ва халабонҳо онро бо як муҳаррик баъд аз тақрибан ду километр дар хатти парвоз нигаҳ доштанд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки, хушбахтона, то ҳол дар ҳавопаймоҳои Боинг-737-и ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ягон мушкили ҷидди фаннӣ ошкор нашудааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, баъд аз тафтиши “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои дар Қазон суқуткарда, ҳама ҳавопаймоҳои ин тамға бори дигар ба таври мӯшикофона тафтиш хоҳанд шуд. Ӯ меафзояд, "ин як қонуни навишта аст, ки баъд аз ин гуна ҳодисаҳо ва пайдо шудани далели фаннии он ҳавопаймо дар ҳама кишварҳо мавриди тафтиши ҷиддииву ҳамаҷониба қарор бигиранд".

Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев, ҳама ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон “Боинг”-ҳоро дар ихтиёр доранд ва, аз ҷумла, Боингҳои ширкати Сомон Эйр "дасти дуввум" нестанд ва аз худи ширкат бидуни миёнарав дастрас шудаанд.

Рӯзи душанбе Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, амр кард, ки ба хотири тафтиши ҳарчӣ зудтари суқути ҳавопаймои Боинг 737 дар Қазон комиссиюни ҳукуматӣ таъсис шавад. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ҳам рӯзи душанбе вориди Қазон шуд, то дар таҳқиқи сабабҳои рӯй додани ин ҳодиса шахсан ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG