Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргвелашвилӣ савганд ёд кард


Георги Маргвелашвилӣ
Георги Маргвелашвилӣ
Георги Маргвелашвилӣ рӯзи якшанбе дар Тифлис ба унвони раиси ҷумҳури нави Гурҷистон савганд ёд кард. Маргвелашвилӣ аз эътилофи ҳокими “Руъёи Гурҷистон” аст. Раҳбарии ин эътилофро Бидзина Иванишвилӣ бар уҳда дорад, эътилофе, ки дар интихоботи расёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябр пирузии чашмгир ба даст овард. Иванишвилӣ эълон карда буд, ки баъд аз ин интихобот истеъфо медиҳад. Маргвелашвилӣ 44 сол дорад ва дар гузашта ректори донишгоҳ буд. Вай акнун 5 сол раёсатро бар уҳда хоҳад дошт.

Дар маросими савганд намояндагони бештар аз 50 кишвари хориҷӣ ширкат доштанд ва ин маросим дар ҳавлии бинои кӯҳнаи порламон дар Тифлис баргузор шуд. Маргвелашвилӣ қавл дод, ки хати маши ҳамкорӣ бо Ғарбро ҳифз хоҳад кард, вале ҳамзамон бо Русия низ муносиботро беҳбуд хоҳад бахшид.

Михаил Саакашвилӣ ба нишонаи эътироз бар зидди чанд парвандаи ҳампаймонҳояш, яъне чанд вазири пешин ва ҳамҳизбиҳояш дар маросими савганди раиси ҷумҳури нав ширкат накард
XS
SM
MD
LG