Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба 1000 нафар мукофот дод


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ, ки акнун мақоми раёсати ҷумҳуриро дар Гурҷистон тарк мекунад, бори охир қабл аз тарки мақом аз имконоти худ истифода кард ва ба бештар аз ҳазор нафар шаҳрвандони Гурҷистон ва хориҷиён ордену медалҳои мухталиф эъто намуд. Дар миёни онҳо Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи пешини Амрико низ ҳаст.

Дафтари Саакашвилӣ дар хабаре мегӯяд, ононе, ки ордену медал гирифтанд, шахсоне мебошанд, ки дар рушди давлати Гурҷистон ва дар мубориза барои ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар дар арсаи байналмиллалӣ кӯмак кардаанд.
Леван Варшаломидзе-нахуствазири пешини ҷумҳурии мухтори Аҷария, Давид Бакрадзе-раиси пешини порламони Гурҷистон, Гиги Угулава-шаҳрдори пешини Тифлис дар миёни дарёфткунандагони ордену медалҳо мебошанд.

Дэвид Петреус-генерали амрикоӣ ва дарёсолор Ҷеймс Ставридис низ аз Саакашвилӣ орден гирифтанд. Дар миёни шахсиятҳое, ки ордену медал гирифтанд, раҳбарони баъзе кишварҳо низ ҳастанд. Вале номи онҳо эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG