Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафедраи ҳарбӣ - "паноҳгоҳ" аз артиш


Бештари донишҷӯён дар донишгоҳҳо талош мекунанд, то аз дарси "тайёрӣ ё омодагии низомӣ" бархӯрдор гарданд.

Зеро як бартарии таҳсил дар кафедраи "тайёрии ҳарбӣ ё низомӣ" он аст, ки донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ соҳиби рутбаи низомӣ мешавад ва то ҷое аз хизмат дар артиш озод хоҳад шуд. Ба хотири гурез аз хизмати ҳарбӣ, ҷавонон низ бештар ба донишгоҳҳое шомил мешаванд, ки дар онҳо кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд.

Мирзо, донишҷӯйи соли 5-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ мегӯяд, маҳз ба хотири таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ падараш ӯро ба ин донишгоҳ дохил кардааст. Ба қавли Мирзо, барои дар кафедраи ҳарбӣ хондан, ӯ бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард, аммо «азбаски баҳои се доштам, декани факултет гуфт 600 доллар бидеҳ, номатро ба кафедраи ҳарбӣ пешниҳод мекунам. Аммо ман яке аз собиқ муовинҳои ректори донишгоҳро «через» карда дар 300 доллар ба ин кафедра дохил шудам. Агар пул намедодам, маҷбур будам баъди хатми донишгоҳ боз як соли дигар хизмат кунам ё аз облава гурехта гардам», гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли Мирзо, барои таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ номи донишҷӯёнро роҳбарияти донишгоҳҳо пешниҳод мекунанд, ки бештари довталабон ба ин кафедра ё пора медиҳанд ё ба истилоҳ аз "тағо" истифода мекунанд.

Тавре гуфта мешавад ҷалби донишҷӯёни аълохон ба кафедраҳои ҳарбӣ дар ҳолест, ки муофиқи қарори нави вазири дифои Тоҷикистон, бояд ҳама донишҷӯйписарони солим ба дарсҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд. Раҷабмурод Раҷабов, як масъули кафедраи ҳарбии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, рӯйхати донишҷӯёнро декану ректорони донишгоҳҳо ба кафедраҳои ҳарбӣ пешниҳод мекунанд.

Вай мегӯяд, дар сурати солим будани писарон бидуни ҳеҷ мушкил онҳо дарси ҳарбӣ мехонанд. Раҷабмурод Раҷабов дар бораи таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ мегӯяд: «Дар кафедраи ҳарбӣ чор ихтисос тайёр карда мешавад. Ихтисоси аз ҳама калон командири взводи савораи тирандоз аст. Ихтисоси дуюм бошад алоқачиён, ки муовини командири рота оид ба алоқа омода мекунад. Тахассуси сеюм кимёвӣ мебошад, ки ҷонишинӣ командири рота оид ба муҳофизат аз яроқи кимёвӣ тайёр мекунад ва ихтисоси чорум тарҷумонӣ аст.»

Агарчи шарти асосии шомил шудан ба кафедраи ҳарбӣ ҷисман солим будани писарон ҳисоб ёбад, аммо донишҷӯён мегӯянд, бо пардохти маблағи муайян аз гузаштани муоинаи тиббӣ озод мешаванд.

Хуршед, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд дар гурӯҳашон беш аз 20 нафар таҳсил мекунанд, ки ҳамаашон бо додани 150 сомонӣ бе гузаштан аз муоинаи тиббӣ дарси ҳарбӣ мехонанд. Аммо Хуршед иқрор аст, ки онҳо маҳз барои дохил шудан ба кафедраи ҳарбӣ пора надодаанд: «Дар Донишгоҳи агарӣ то ҳол нашунидаам, ки касе пули зиёд дода дарси ҳарбӣ хонда бошад. Аммо шунида будам, ки дар Донишгоҳи техникӣ бачаҳо барои хондани дарси ҳарбӣ ҳатто 300 то 400 доллар ҳам пул медиҳанд». Ба таъкиди Хуршед, "ҳар тавре ҳам набошад, хондани дарси ҳарбӣ аз хизмати аскарӣ хубтар аст. Зеро ҳеҷ набошад шаб бароҳат мехобӣ."

Фурқат Шарипов, донишҷӯи дигари Донишгоҳи аграрӣ, ки дар соли чорум таҳсил мекунад, мегӯяд, бештари писарони гурӯҳашон маҳз ба хотири кафедраи ҳарбӣ ба ин донишгоҳ дохил шудаанд: «Агар дар гурӯҳ 20 нафар хонем 15 нафарашон ба хотири кафедраи ҳарбӣ ба донишгоҳ дохил шудаанд. Зеро баъди хондани ин кафедра метавонем дар мақомот кор кунем. Ман худам мехоҳам корманди давлатӣ бошам.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар шароити феълӣ кафедраҳои ҳарбӣ дар донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ба хотири гурез аз хизмати ҳарбӣ шароит фароҳам мекунанд.

Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.
Маҳдӣ Собир, коршиноси тоҷик.
Ин аст, ки Маҳдии Собир, таҳлигари мустақили тоҷик дар мавриди мавҷудияти кафедраҳои ҳарбӣ назари мухолиф дорад: «Ба андешаи ман кафедраҳои ҳарбӣ аз ҳама мактабҳои олӣ бояд бардошта шавад. Ба ҷой он шиоре бошад, ки «Ҳама ба артиш!». Баъди хизмат омада бидуни имтиҳон ба мактабҳои олӣ дохил карда шаванд. Баъдан ба вазифаҳои давлатӣ таъйин гарданд. Бадии дигари ин кор дар он аст, ки ҳама мехоҳад фарзандаш ба мактаб дохил шаваду аз артиш озод гардад. Боз дар баробари ин қарори махсус аст, ки на ҳама ҳуқуқи дар ин кафедраҳо таҳсил карданро доранд. Танҳо бояд аълохонҳо таҳсил кунанд.»

Ҳамон гуна, ки зикр шуд, писарон пас аз анҷоми таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ ҳуқуқ доранд ба хизмати аскарӣ нараванд. Зеро ба онҳо аз ҷониби вазири дифои Тоҷикистон рутбаи лейтинанти хурд дода мешавад, ки метавонанд дар Вазорати дифоъ, Кумитаи амният, Вазорати дохила ва дигар сохторҳои қудратӣ кор кунанд. Аммо дар он донишгоҳҳое, ки кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуд нест, писарон пас аз хатми донишгоҳ мувофиқи қонун бояд як соли хизмати сарбозиро ба ҷо оранд. Дар ҳоли ҳозир дар панҷ донишгоҳи Тоҷикистон, ба хусус донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, техникӣ, аграрӣ ва тарбияи ҷисмонӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG