Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳо дар Ошуро даҳҳо кас кушта шуданд


Дар вилояти Диёли Ироқ бар асари таркиши маргталабона дасти кам 15 нафар кушта ва 65 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар шимоли шаҳри Бақуба ҳангоми маросими Ошуро, ёдбуди Имом Ҳусейн, набераи Паёмбар Муҳаммад, ба вуқӯъ пайваст.

Дар вилояти Васити Ироқ бар асари ду таркиш дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ҳарду таркиш ҳамзамон дар шаҳри Ҳафрия, воқеъ дар ҷануби Бағдод, дар биное рӯй доданд, ки он ҷо шиъаҳо барои маросими Ошуро, ҷамъ омада буданд.

Имом Ҳусейн соли 680 дар Карбало ба ҳалокат расидааст. Ҳамасола ҳазорон пайравони мазҳаби шиъа барои зиёрати оромгоҳи Ҳусейн вориди Карбало мешаванд.
XS
SM
MD
LG