Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд қазияи додгоҳии Тураҷонзода аз сар гирифта мешавад


Колегияи додгоҳии вилояти Суғд оид ба барасии парвандаҳои шаҳрвандӣ бар асоси аризаи шикоятӣ ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар мавриди даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи 3 рӯҳонии вилоятро аз сар гирифт. Вакили мудофеъи даъвогар Файзиннисо Воҳидова рӯзи 13 ноябр дар робита ба ин баҳси додгоҳӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки баҳси мазкур бар асоси даъвои шикоятии ҷониби Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода дар Колегияи додгоҳии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, бинобар дарёфти як санади муҳим мурофиа ба рӯзи 14 ноябр гузоштоа шудааст.

«Дар хусуси ин санади муҳиме, ки Колегияи судӣ мурофиаро ба рӯзи дигар гузошт, моро дар ҷараён нагузоштааст ва мо намедонем, ки ба хотири чӣ мурофиа ба рӯзи дигар гузошта шудааст», зикр мекунад хонум Воҳидова.

Ҷониби Тураҷонзодаҳо аслан ба ҳукми додгоҳи Хуҷанд, ки гуфта мешавад шаъну эътибори онҳо дар намоиши телевизионӣ паст зада нашудааст, норозӣ буда, онро нодруст ва ғайриодилона медонанад. Барномаи “Сӯҳбати озод”-и СТВ моҳи феврали соли 2012 пахш шуда, дар бораи таҷлили маросими Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадияи марбут ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар рустои Туркободи ноҳияи Ваҳдат сӯҳбат мекард. Дар пайи ин маросим дар моҳи декабри соли 2011 масҷиди Муҳаммадияро аз ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа ва ба ҳамин тартиб, имомхатибаш Нуриддин Тӯраҷонзодаро аз ҳаққи маъвиза гуфтан ба намозгузорон маҳрум карданд.

Панҷ моҳ қабл Додгоҳи Хуҷанд даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи 3 рӯҳонии расмии Суғдро бепоя номид ва рад кард. Додгоҳ зимни ироаи ҳукми худ таъкид кард, ки дар намоиши «Сӯҳбати озод»-и телевизиони давлатии Суғд (СТВ) шаъну эътибори хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо паст зада нашудааст.

Баҳори соли гузаштаи 2012 Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруфи тоҷик ба додгоҳи Хуҷанд алайҳи Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло - имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон – имомхатиби масҷиди Конибодом шикоят овард, ки дар намоиши “Сӯҳбати озод”-и хабарнигори СТВ Тоҳири Искандарӣ нисбат ба хонадони онҳо суханҳои таҳқиру тавҳиномез задаанд. Моҷарои Ошӯро дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо ба як баҳси дигари додгоҳӣ байни ин хонаводаи бонуфузи рӯҳонӣ ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ мунҷар шуд. Вале дар он баҳс низ додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе аз Тӯраҷонзодаҳо ҳимоят накард.
XS
SM
MD
LG