Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил нақшаи хонасозӣ дар қаламрави ишғолиро нигоҳ дошт


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Баъд аз интиқоди Амрико ва Фаластин Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил нақшаи сохтмони 20 ҳазор хонаи нав барои яҳудиён дар Каронаи Ғарбиро ба ҳолати таълиқ даровард. Дар як эъломия, ки дафтари нахуствазири Исроил пахш кард, гуфта мешавад, ки мақомоти муассисаҳои хонасозии Исроил бидуни ҳамоҳангӣ бо раҳбарони Исроил хостаанд нақшаи хонасозиро иҷро кунанд.

Дар ин эъломия нақшаи хонасозӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст ва гуфта мешавад, ки “чунин амал зиддияти нодаркор бо маҳофили байналмиллалиро ба вуҷуд меорад”.

Пештар Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ҳушдор дод, ки раванди музокироти сулҳро бозмедорад, агар нақшаи хонасозӣ иҷро шавад. Амрико ҳампаймони калидии Исроил аст ва аз ин нақша “амиқан изҳори нигаронӣ” кардааст.
XS
SM
MD
LG