Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко Януковичро барои "куштани умеди Украинаву Аврупо" гунаҳгор кард


Серҳий Власенко
Серҳий Власенко
Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина Виктор Янукович-раиси ҷумҳури ин кишварро муттаҳам кард, ки вай бо оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ бар зидди Серҳий Власенко-вакили мудофеи Тимошенко умедҳоро барои имзои мувофиқатномаи ҳамкорӣ бо Аврупо барбод медиҳад.

Серҳий Власенкоро рӯзи душанбе дар доситонӣ ба гумони лату кӯби мунтазами занаш бозпурсӣ карданд. Власенко ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, бо ин кор мақомот мехоҳанд Юлия Тимошенкоро аз вакили мудофеъаш маҳрум кунанд.
Дар як эъломия, ки рӯзи сешанбе Евгения-духтари Тимошенко қироат кард, Юлия Тимошенко гуфтааст, ки Янукович бо ин кораш умедҳои Украинаву Иттиҳодияи Аврупоро мекушад.
XS
SM
MD
LG