Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Оқтеппаи Қазоқистон 20 нафарро 15 рӯзӣ зиндон карданд


Як додгоҳи минтақаӣ дар шимоли ғарби Қазоқистон бештар аз 20 нафари дигарро маҳкум ба зиндон ва ҷарима кард. Онҳо барои ҳамоиши эътирозӣ дар назди маҳбаси маҳаллӣ муҷрим шинохта шуданд.

Хонум Гулзиё Мақсатқизӣ-сухангӯи додгоҳи вилояти Оқтеппа ё Актюбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе 23 нафар, аз ҷумла 5 зан 15 рӯзӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳамаи онҳоро рӯзи сешанбе пулис дар назди маҳбас боздошт кардааст. Онҳо дар он ҷо аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ба эътироз баромада буданд ва мехостанд бо наздикони худ, ки дар ин маҳбас зиндонӣ мебошанд, мулоқот кунанд.

Эътирозгарон мегуфтанд, ба онҳо хабар расидааст, ки дар зиндон наздикони онҳоро лату кӯб мекунанд. Аммо зиндонбонон ин хабарро қабул надоранд.
Ҳукумати Қазоқистон барои шиканҷа дар зиндонҳо борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG