Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобҳои бародари Навалнийро бастанд


Додгоҳе дар шаҳри Маскав амр додааст, то тамоми ҳисобҳои бонкии Олег Навалний, бародари Алексей Навалний, раҳбари мухолифони давлат дар Русияро бубанданд ва ҳаргуна муомилот бо моликияти ӯро мамнӯъ кунанд. Дар ин бора Наталя Романова, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Басманний хабар дод. Амри мазкур ба парвандаи Олег ва Алексей Навалнийҳо иртибот мегирад, ки ӯро ба дуздии маблағҳои намояндагии ширкати маъруфи фаронсавии Ив Рошер ва пулшӯӣ муттаҳам мекунанд. Алексей Навалнийро дар гузашта барои дуздии 500 ҳазор доллар гунаҳкор дониста ва ба 5 соли шартии зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе накардааст ва мақомоти интизомӣ ӯро барои интиқодҳояш аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Амрико, таъқиб мекунанд.
XS
SM
MD
LG