Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои арабӣ бадтарин ҷой барои занон будаанд


Як назарсанҷии тоза нишон додааст, ки кишварҳои арабӣ бадтарин ҷой барои занҳо будаанд. Як шохаи назарсанҷии хабаргузории Ройтерс, ошкор кардааст, ки аз ҷумла дар Миср озору азияти ҷинсӣ, хатнаи духтарҳо бисёр зиёд аст ва хушунат баъди баҳори арабӣ дар онҷо авҷ гирифтааст. Моҳи апрели ҳамин сол Созмони Милал бо нашри гузорише гуфт, ки бештар аз 99 дар сади занону духтарон дар Миср мавриди азияту озори ҷинсӣ қарор мегиранд. Бо назардошти ин ҳама ва қонунҳои табъизомез алайҳи занон, афзудани қочоқи инсон, Миср дар феҳрасти бадтарин кишварҳо барои занон дар мақоми 22 ва аз ҳама охир қарор гирифтааст. Ироқу Арабистони Саудӣ ва Яман аз Миср андаке ақиб мемондаанд. Ҷазираи Коморос, ки 20 дар сади вазиронаш аз ҳисоби занон ҳастанд, дар феҳраст дар мақоми аввал омадааст.
XS
SM
MD
LG