Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову Аврупо тавсеаи сармоягузорӣ ва тиҷоратро баррасӣ мекунанд


Игнасио Гарсиа Берсеро бо Дан Мулланӣ, раҳбарони ҳайатҳои музокираи Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико
Игнасио Гарсиа Берсеро бо Дан Мулланӣ, раҳбарони ҳайатҳои музокираи Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико
Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дубора ба музокира нишастанд, то иҷоди бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратӣ дар ҷаҳонро баррасӣ кунанд. Ин музокирот як ҳафта дар Бруссел идома меёбад. Барномаи мазкур Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории моварои уқёнус ном дорад ва дар он Аврупову Амрико аслан масъалаҳои беҳбуди шароити сармоягузорӣ ва тиҷорати миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикоро баррасӣ хоҳанд кард. Ин ду ҷониб бузургтарин сармоягузор ва ҳамкор дар ҷаҳон ба шумор мераванд.

Дар мувофиқатнома миллиардҳо доллар сармоягузорӣ дар иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар назар гирифта шудааст ва он метавонад садҳо ҳазор ҷои нави корӣ ба вуҷуд орад.

Ин музокирот баъд аз он оғоз шудааст, ки гӯё ожонсҳои Амрико бар зидди мақомоти раҳбарӣ ва ширкатҳои Аврупо ҷосусӣ кардаанд.

Гардиши колои миёни Аврупо ва Амрико дар соли 2012 бештар аз як триллион дорлларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG