Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳафтаи Аврупо дар Душанбе" баргузор мешавад


Ба ибтикори дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии "Бохтар", дар шаҳри Душанбе, "Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон" баргузор мегардад. Ба иттилои масъулони дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ин чорабинӣ аз 16 то 24 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон бо баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ сурат мегирад. Ин аст, ки ба ин муносибат, рӯзи душанбе 11 ноябр дар созмони фарҳангии "Бохтар" нишасти матбуотӣ бо ширкати Эдуард Аузер, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ва масъулони ин марказ доир гардид.

Амалхонум Гаҷиева, раиси созмони фарҳангии «Бохтар» ҳадафи аслии «Ҳафтаи Аврупо» -ро ошноии бештари мардуми тоҷик ба фарҳанги Аврупо унвон кард ва гуфт, дар чорчӯби ин чорабинӣ, ки то таърихи 24-уми ноябр идома хоҳад кард, як силсила барномаҳои фарҳангӣ, тафреҳӣ ва маърифатӣ баргузор мешавад.

Ба гуфтаи хонум Гаҷиева, барномаҳои консертии оҳангсозони аврупоӣ дар Консерваторияи миллӣ ва намоиши филмҳо дар созмони фарҳангии "Бохтар" ва ҳамчунин баргузории мизи муддавар бо ширкати мутаххассисон аз барномаҳои аслии "Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон" аст.

Зимнан, муддати беш аз панҷ соли ахир, баргузории "Ҳафтаи аврупо дар Тоҷикистон" ба ҳукми анъана даромада ва дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, он барои густариши муносибот ва равобиту ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG