Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти баландшиддати Ҷануб-Шимол муваққатан қатъ мешавад


Интиқоли нерӯи барқ тавассути хати баландшиддати Ҷануб-Шимол ба Суғд қатъ мешавад. Намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд тавассути телевизионҳои маҳаллӣ эълон кард, ки аз сар аз рӯзи якшанбеи 17-уми ноябр интиқоли нерӯи барқи хати баландшиддати Ҷануб-Шимол ба вилояти Суғд бинобар корҳои таъмиру тармим барои муддате қатъ ва меъёри шадиди барқрасонӣ ҷорӣ хоҳад шуд.
Муддати таъмир дар қисмати Шаҳристони ин хати баландшиддат ва меъёри нави тақсими барқ эълон нашуда, вале бино ба гуфтаи бархе мутахассисони соҳаи барқ, аз 5 рӯз то як ҳафта идома хоҳад дошт. Вале он ки намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳоло аз сокинон дархост дорад дар он рӯзҳо “аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд”, баёнгари он аст, ки ҳафтаи оянда минтақаи шимолии Тоҷикистон бо норасоии шадиди барқ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки аз даҳаи охири моҳи октябр ба ин ҷониб ба манзилҳои сокинони дигар манотиқи Суғд, ба ҷуз шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов ва Қайроқум, ки бо барқи нисбатан доимӣ таъминанд, тибқи меъёри зимистонӣ субҳу шом 4-5 соатӣ нерӯи барқ идода мешавад. То кунун вилояти Суғд қисмати умдаи нерӯи барқи мавриди ниёзашро тавассути хати баландшиддати Ҷануб-Шимол дарёфт мекард. Вале дар ҳафтаи оянда вилояти Суғд танҳо бо нерӯи барқи тавлиди НОБ-и Қайроқум ва қисман бо барқе, ки аз Қирғизистон хоҳад гирифт, таъмин карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG