Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ мегӯяд, Эрон аз ҳақаш даст намекашад


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш аз ҳаққи ҳастаии худ, аз ҷумла ҳаққи ғанисозии ураниум даст нахоҳад кашид. Хабаргузории ИСНА навиштааст, ки Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳузури вакилони порлумон, ки аксаран муҳофизакоранд, рӯзи якшанбе гуфтааст, “хати сурхе ҳаст, ки набояд онро гузаранд.” Ӯ афзуд, ки бар асоси муқаррароти байналмилалӣ, Эрон ҳақ дорад, “дар дохили кишвар ба ғанисозии ураниум” машғул бошад. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора як рӯз баъд аз он сӯҳбат кард, ки музокироти серӯзаи байналмилалӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар шаҳри Женева бе созиш ба поён расид, вале қарор аст, тарафҳо 10 рӯз баъд гуфтугӯро идома диҳанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳам гуфт, ки дар музокирот дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон пешрафт ҳосил шудааст, вале дари дипломатия барои ҳалли ин бӯҳрон ҳамеша боз намемонад. Дар музокироти Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ, Бритониёву Чин, Амрикову Русия ва Фаронсаву Олмон роҳҳои рафъи нигарониҳои байналмилалӣ аз барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунанд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG