Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ ба кайҳон ҳам расид


Ду кайҳоннаварди рус, рӯзи шанбе машъали бозиҳои олимпиро нахустин бор дар таърих ба фазои боз бароварданд. Телевизиони Русия берун омадани кайҳоннавардон аз истгоҳи байналмилалии кайҳониро намоиш дод, ки чӣ гуна Олег Котов, машъали ноафрӯхтаро дар дасти росташ нигаҳ медорад ва ҳамкори ӯ Сергей Рязанский ӯро навор мегирад. Машъалро рӯзи панҷшанбе ҳамроҳ бо се кайҳоннавард аз пойгоҳи Байконури Қазоқистон дар мушаки кайҳонии Союз партоб карданд. Машъалро ба далели амниятӣ дар фазо наафрӯхтанд. Машъали олимпиро рӯзи душанбе ба замин бармегардонанд ва он рӯзи 7 феврал ба шаҳри Сочи маҳалли бозиҳои зимистонаи олимпӣ мерасад.
XS
SM
MD
LG