Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Янукович дигарбора ба дидори Путин рафт


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, бори дуввум аст, ки дар муддати камтар аз ду ҳафта ба Русия сафар мекунад. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Украина рӯзи якшанбе гуфт, Виктор Янукович дар остонаи нишасти сарони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳодияи Аврупо бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. Интизор меравад, Украина дар нишасти мазкур дар шаҳри Вилюнс Аҳдномаи Мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунад, ки Русия мухолифи он аст. Маскав мехоҳад, Украина ба Иттиҳодияи Гумрукии ба раҳбарии Русия бипайвандад. Виктор Янукович рӯзи 25 октябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Минск ва рӯзи 27 октябр дар шаҳри Сочи бо Владимир Путин мулоқот карда буд.
XS
SM
MD
LG