Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Ҳолланду Русия гуфтугӯ карданд


Бо шиддат гирифтани ҷанҷол миёни Русия ва Ҳолланд, вазирони умури хориҷии ду кишвар дар шаҳри Маскав мулоқот карданд. Сергей Лавров ва Франс Тиммерманс дар бораи мушкилоти мавҷуд дар робитаҳои ду кишвар, аз ҷумлаи аъзои боздоштшудаи созмони Гринпис, рӯзи шанбе дар шаҳри Маскав гуфтугӯ доштанд. Ҳукумати Русия рӯзи ҷумъа Ҳолландро интиқод кард, ки монеъи тазоҳуроти аъзои созмони Гринпис дар наздикии як манораи нафткаши Русия дар Арктика нашудааст. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Русия, киштии яхшикани Гринпис маҳз дар Ҳолланд сабти расмӣ дорад. Ҳукумати ин кишвар Русияро барои боздошти аъзои Гринпис ба Додгоҳи Созмони Милал кашид, вале Русия аз ширкат дар баррасии шикоят даст кашидааст. Маъмурони интизомии Русия моҳи сентябр, моҳи сентябр киштии яхшикани Гринписро, бо 28 узви созмон ва 2 хабарнигор дар обҳои Арктика боздошт кард. Онҳо мехостаанд, ба нишони эътироз аз истихроҷи нафту олуда кардани обҳои Арктика ба манораи нафткаши Русия бароянд. Ҳолланд мехоҳад, Русия ҳамаи ин афродро озод кунад.
XS
SM
MD
LG