Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қалоти Афғонистон 8 нафар дар таркиши бами роҳ кушта шуданд


Дар Афғонистон дар наздикии шаҳраки Қалоти вилояти Зобул мошине ба бами роҳ бархӯрд ва таркид. Дар ин ҳодиса дастикам 8 нафар кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд. Пулис гуфтааст, 5 зан, 2 кӯдак ва як мӯйсафед кушта шудаанд. Ба эҳтимоли зиёд ҳамаи онҳо аъзои як хонавода будаанд.

Ғуломсахӣ Роғливолӣ-раиси пулиси вилояти Зобул барои ин ҳамла Толибонро гунаҳгор медонад. Ҷасади 7 нафари дигарро дар аввали ҳафтаи ҷорӣ дар наздикии шаҳраки Қалот пайдо карданд. Зоҳиран онҳо сарбозони артиши миллии Афғонистон будаанд, ки ҳафтаи гузашта ҳангоми сафар аз Қандаҳор ба Зобул бедарак шуда буданд.
XS
SM
MD
LG