Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷ-2013: Чаҳор ҳоҷии тоҷик ба ҳалокат расид


Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон аз фавти чаҳор ҳоҷии тоҷик дар дар Арабаистони саудӣ хабар медиҳад. Дафтари матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон 8-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯзҳои адои фаризаҳои ҳаҷ бо сабабҳои мухталиф ҷон додаанд.

Аз ҷумла ҳоҷиёни дар маровими ҳаҷ ба ҳалокат расида, сокини деҳаи Ойбоши ноҳияи Ҳисор Садбарг Асоеваи 49- сола, Талбак Одинаеви 73- сола сокин ноҳияи Синои пойтахт, Абдували Қулматови 71-сола сокин деҳаи Навободи ноҳияи Мастчоҳ ва Акаҷон Ашӯрови 74- сола сокини деҳаи Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо сабабҳои гуногун ҷон бохтаанд ва ҷасади онҳо дар қабристони «Шароеъ»-и шаҳри Макка ба хок супурда шудаанд.
XS
SM
MD
LG