Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cардори шӯъбаи зидди инҳисорӣ барканор шуд


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории пойтахт Муним Холиқовро аз вазифа сабукдӯш кардааст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 4-уми ноябр “бо ҷурми роҳ додан ба камбудиҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” Холиқовро аз вазифа барканор кардааст. Манбаъ афзуд, ки дар ин бора камбудиҳои зиёде ба назар расидааст ва Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш додааст, ки барои дастрасии сокинон бо шири босифат ҳамарӯза аз соати 6-00 то 9-00 ва аз соати 18-00 то 20-00 дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои Душанбе аз корхонаи “Комбинати шири Душанбе” шир бо нархи 3,5 сомонӣ барои як литр тавассути нақлиёти махсус ба фурӯш гузошта шавад. Ҳамчунин ба манзури ба миён овардани рақобати хизматрасонӣ гуфта шудааст, ки дигар корхонаҳо ҳам барои таъмини сокинон бо шир метавонанд ба мақомоти шаҳр муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG