Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Мурсиро ба таъхир андохтанд


Додгоҳи Миср, муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ва 14 узви дигари созмони исломгарои Ихвонулмуслиминро баъди доду фарёди онҳо дар толор то рӯзи 8 январи соли оянда ба таъхир андохт. Баъди оғози муҳокима, муттаҳамон “марг бар низомиёни ҳоким” шиор доданд ва Муҳаммад Мурсӣ гуфт, ки “Ман раиси ҷумҳури қонунӣ ҳастам ва аз додгоҳ талаб дорам, ки ин мазҳакаро тамом кунад”. Дар берун аз толори додгоҳ, тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ҳам тазоҳурот карданд. Мурсӣ ва 14 ҳамроҳи ӯро ба барангехтани хушунат дар назди кохи раиси ҷумҳур , ки моҳи декабри соли 2012 бо марги даҳҳо нафар анҷомид, муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани иттиҳомот мумкин аст, онҳоро ба ҳабси якумрӣ ва ё қатл маҳкум кунанд. Мурсӣ моҳи июни соли 2012 дар интихоботи демократӣ пирӯз шуд, вале баъди тазоҳуроти оммавӣ алайҳи ҳукуматаш, артиши Миср ӯро моҳи июли имсол аз мақомаш барканор кард.
XS
SM
MD
LG