Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароёни рус раҳпаймоӣ мекунанд


Дар гӯшаҳои гуногуни Русия имрӯз миллатгароён раҳпаймоӣ мекунанд. Ҳар сол дар рӯзи ваҳдати миллии Русия, миллатгароён барои ширкат дар “Раҳпаймоии русӣ” ба хиёбонҳо мебароянд. Дар гузашта дар ин рӯз миллатгароён борҳо ба аққалиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон аз Осиёи Марказиву Қафқоз ҳамла кардаанд. Ҳукумати Маскав иҷоза додааст, ки раҳпаймоӣ дар ин шаҳр ҳам сурат бигирад. Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат, ки ҳар сол дар “Раҳпаймоии русӣ” ширкат мекард, имсол гуфтааст, ҳарчанд дар раҳпаймоӣ ҳузур нахоҳад дошт, вале ба эътиқоди ӯ, бояд шаҳри Маскавро аз аз ҳузури муҳоҷирон ”пок” кард. Михаил Прохоров, номзади собиқ ба мақоми раиси ҷумҳури Русия, ин раҳпаймоиро маҳкум карда ва аз сокинони Маскав хостааст, ки онро нодида бигиранд.
XS
SM
MD
LG