Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон раҳбари нав ёфтанд


Толибони Покистон баъди қатли раҳбарашон Ҳакимулло Маҳсуд, як нафари дигарро раҳбар интихоб кардаанд. Як фармондеҳи ин гурӯҳ ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ бо шарти набурдани номаш гуфтааст, ки Асматулло Шоҳин Битаниро рӯзи якшанбе ба ҳайси раҳбари муваққатии Таҳрики Толибони Покистон интихоб кардаанд. Ба қавли ӯ, ҳоло раҳбари доимии гурӯҳ таъйид нашудааст. Манобеъи Толибон дар Покистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хон Саид, як фармондеҳи дигари гурӯҳ мулаққаб ба Саҷна вориси эҳтимолии Ҳакимулло Маҳсуд хонда шудааст. Ин раҳбари Толибон рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ кушта шуд. Давлати Покистон сафири Амрико дар Исломободро ба вазорати умури хориҷӣ хонда ва гуфтааст, ки бо ин ҳамла Амрико ҷараёни ба тозагӣ шурӯъшудаи сулҳ дар Покистонро баҳам задааст.
XS
SM
MD
LG