Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ оғоз мешавад


Имрӯз муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср оғоз меёбад. Мурсӣ ва 14 узви дигари созмони Ихвонулмуслинро ба барангехтани хушунат дар назди кохи раиси ҷумҳур , ки моҳи декабри соли 2012 бо марги даҳҳо нафар анҷомид, муттаҳам мекунанд. Дар сурати собит шудани иттиҳомот мумкин аст, онҳоро ба ҳабси якумрӣ ва ё қатл маҳкум кунанд. Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ мегӯянд, иттиҳомот бофта аст ва ҳамчунин хостори тазоҳуроти оммавӣ шудаанд. Мурсӣ моҳи июни соли 2012 дар интихоботи демократӣ пирӯз шуд, вале баъди тазоҳуроти оммавӣ алайҳи ҳукуматаш, артиши Миср ӯро моҳи июни имсол аз мақомаш барканор кард ва то кунун дар ҷойи номаълуме нигаҳ медошт. Баъди барканории ӯ, ҳукумати муваққатии Миср, фаъолияти Ихвонулмуслиминро мамнӯъ ва даҳҳо нафар аз аъзои баландпояи онро дастгир кард.
XS
SM
MD
LG