Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартҳои мухолифони Сурия барои ширкат дар конфронси "Женева 2"


Нишасти Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира. Акс аз бойгонӣ.
Нишасти Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира. Акс аз бойгонӣ.

Мухолифони Сурия мегӯянд, танҳо дар сурате дар музокироти сулҳи "Женева 2" ширкат хоҳанд кард, ки ҷадвали замонӣ барои барканории Башор Асад таъйин шавад ва Эрон дар ин музокирот ҳузур надошта бошад.

Дар ҳоле раиси эътилофи миллии Сурия пешшартҳои худро барои ҳузур дар конфронси сулҳи "Женева 2" эълом кардааст, ки бештар Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб дар бӯҳрони Сурия гуфта буд, ки тарафҳои даргир дар бӯҳрони Сурия набояд барои ширкат дар нишасти сулҳ, пешшарт таъйин кунанд.

Бар гузориши хабаргузории Ройтерз, Аҳмад Ҷарбо, раиси эътилофи миллии Сурия, ки дар нишасти изтирории Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира сӯҳбат мекард, гуфтааст, "мо тасмим гирифтем, ки танҳо замоне вориди музокироти Женева бишавем, ки битавонем бо иззат дар ин музокирот ширкат кунем, танҳо дар ин музокирот ширкат хоҳем кард, ки як интиқоли қудрат муваффақиятомез ба ҳамроҳи замонбандии мушаххас вуҷуд дошта бошад ва ишғолгаре чун Эрон дар музокирот ҳузур надошта бошад."

Ахзар Иброҳимӣ пештар гуфта буд, ки интизор дорад бо вуҷуди мушкилоти мавҷуд, конфронси сулҳи Сурия дар Женева тайи ҳафтаи оянда баргузор шавад.

Ба гузориши Ройтерз, қудратҳои ҷаҳонӣ дар хусуси ҳузури Эрон дар музокироти сулҳи Сурия дар Женева ихтилофи назар доранд. Вазири умури хориҷии Эрон пештар гуфта буд, ки дар сурати даъвати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба музокирот, дар он ширкат хоҳад кард. Ахзар Иброҳимӣ низ гуфта буд, СММ тарҷеҳ медиҳад Эрон дар ин гуфтугӯҳо ҳузур дошта бошад.

Ройтерз афзудааст, пеш аз сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Ховари Миёна ва Арабистон, як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Амрико гуфта буд, оқои Керрӣ мавзеи Вошингтон дар баробари ҳузури Эрон дар музокиротро барои мақомҳои саудӣ шаффор баён хоҳад кард ва то замоне, ки Эрон аз раванди интиқоли қудрат ва канорагирии Башор Асад ҳимоят накунад, аз ҳузураш дар ин гуфтугӯҳо истиқбол нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Аҳмад Ҷарбо аз қудратҳои ҷаҳонӣ хостааст то мухолифони ҳукумати Башор Асадро мусаллаҳ кунанд. Раиси эътилофи миллии Сурия гуфтааст, "мо хостори тасмими равшан барои мусаллаҳ кардани мардуми Сурия ҳастем то битавонанд бо душман биҷанганд ва ба вазъияте, ки рӯз ба рӯз бадтар мешавад, поён диҳанд. Мо замонат медиҳем, ки ин силоҳҳо ба дасти ноаҳлон наятад."

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки бо қудрат гирифтани гурӯҳҳои вобаста ба Ал-Қоида дар Сурия, дар сурати фиристодани силоҳ барои мухолифони ҳукумати Башор Асад, дар ниҳоят онҳо ба дасти ин гурӯҳ наяфтад.
Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аз оғози буҳрони Сурия дар авоили соли 2011, то кунун беш аз 100 нафар дар даргириҳои ин кишвар кушта шудаанд.

Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб пештар гуфта буд, ки барномарезӣ барои баргузории конфронси "Женева 2" дар ҳоли анҷом аст ва ин нишаст 23 ноябр баргузор хоҳад шуд. Дар ҳамин замина шуморе аз кишварҳои ғарбии ҳомии мухолифони ҳукумати Башор Асад, аз онҳо хоста буданд то конфронси сулҳ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG