Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова боз "асабонӣ" шудааст


Духтари раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, раиси Хадамоти Амнияти Миллӣ орзу дорад, раҳбари ояндаи ин кишвар шавад. Гулнора Каримова, рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, Рустам Иноятов, яке аз афроди бонуфузи кишвараш “муборизаро барои раиси ҷумҳури ояндаи Узбакистон шудан оғоз кардааст.” Аммо гуфтааст, Гулнора Каримова, Иноятов аз маҳбубияти ӯ “метарсад”. Духтари раиси ҷумҳури Узбакистон ҳамчунин таҳқиқи молии ширкати Терра Группро танқид кардааст, ки ба ӯ тааллуқ дорад ва ҳоло бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти молиёт онро тафтиш мекунанд. Чанде пеш пахши телевизионҳои мутаалиқи Гулнора Каримова мутаввақиф шуд ва ҳисобҳои бонки Терра Группро ҳам бастанд. Гулнораро аз ворисони курсии падараш Ислом Каримов медонанд, ки синнаш ба 75 расидааст.
XS
SM
MD
LG