Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Интихоботе, ки заъфҳои дохилиро қувват медиҳад”


.
.

Маркази таҳлилии Oxford Analytica рӯзи ҷумъа таҳлилеро дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон, пасманзар ва пайомадҳои эҳтимолии он ба нашр расонд.

Маркази таҳлилии Oxford Analytica мегӯяд, интихоботи президентии 6-уми ноябр суботу эътидоли кутоҳмуддати Тоҷикистонро таъмин, вале ҳамзамон зудшикании ин суботро бештар хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои амният ва эътидоли Осиёи Марказӣ кишвари калидӣ ба шумор меравад.

ТАЪСИР

Интихобот бо пирӯзии президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон ба поён мерасад ва ин хабар ба шарикони кишвар, мисли Русия ва Чин “қуввати қалб” хоҳад дод. Хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ва тағйири гурезнопазири қудрат дар ин кишвар мумкин аст, амнияти Тоҷикистонро халалдор кунад. Ба ақидаи коршиносони Маркази таҳлилии Oxford Analytica, агар Душанбе сиёсати феълии хориҷии худро идома диҳад, мумкин аст, ба низои минтақавие сари замин ё захираҳои об кашонда шавад. Камбуди ислоҳоти сохторӣ пойбандии Тоҷикистонро ба шарикони хориҷияш ва нобаробариҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро бештар хоҳад кард.

АММО БАЪД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба кишвар сарварӣ мекунад, шояд байни 80 то 90 дарсад раъй гирад. Бе оппозисюни воқеӣ режими ҳоким сиёсатҳои пешинаи иқтисодӣ ва хориҷиро идома хоҳад дод. Бо вуҷуди баъзе аз мувафақиятҳои ибтидоӣ дар коҳиши фақр иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно ба маводи хом ва пули муҳоҷирон бастагӣ дорад. Душанбе ҳамчунин аз эҳё ва афзоиши фаъолиятҳои террористӣ хабар медиҳад ва муносибаташ бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ноҳамвор боқӣ монда, ба рушди ҳамкориҳои минтақаии ҳамсуд халал мерасонад.

ТАҲЛИЛ

Ба дунболи “Баҳори араб” дар Африқои Шимолӣ Тоҷикистон яке аз номзадҳои эҳтимолии инқилоби мардумӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Ҳарчанд ин пешгӯӣ то ҳол амалӣ нашудааст, кишвар дар қабзаи мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва амниятӣ “нафастанг” мешавад. Аммо вазъи сиёсии он зимни режими сахти президентӣ ба амнияти кутоҳ ва миёнамуддат мусоидат мекунад, навиштаанд таҳлилгарони Маркази таҳлилии Oxford Analytica.

НИЗОМИ АВЛОДӢ

Низоми сиёсии Тоҷикистон намунаи тамаркузи қудрат дар дасти элитаи ҳокимест, ки дар он аҳли оилаи Раҳмон ва шарикони наздикаш бартарӣ доранд. Он ҳамчунин ширкати нерӯҳои мухолифро дар сиёсати дохилӣ ба андозаи зиёд маҳдуд мекунад. Дар фазои сиёсии Тоҷикистон дастаи Кӯлоб бартарӣ дорад ва бахши умдаи иқтисод ва захираҳои кишварро зери назорат гирифтааст. Дар гузориши Маркази таҳлилии Oxford Analytica гуфта мешавад, вазифаҳои калидии ҳукумат, соҳаи адлия ва ниҳодҳои қудратӣ низ дар дасти ин гуруҳанд. Аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмон ва хешовандони ӯ риштаҳои стратегии иқтисодиётро зери назорат доранд. Бино бар гузориши созмони Transparency International Тоҷикистон аз лиҳози осебпазирияш аз фасод дар байни 174 кишвар дар ҷои 157 аст. Ҳарчанд сатҳи бекорӣ дар кишвар расман 2% номида мешавад, аксарияти шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ҷойи кори доимӣ надоранд, муҳоҷират барои кор, ҷиноятҳои иқтисодӣ, қочоқи маводи мухаддир бештар мешавад.

МУХОЛИФОНИ НОТАВОН

Ҳизби халқӣ-демократии президент Эмомалӣ Раҳмон 87 дарсади порлумони кишварро дар даст дорад. Сол то сол тамаркузи қудрат дар дасти шахси раисиҷумҳур қавитар мешавад ва фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ҳадафи муҷозот қарор меёбанд. Аҳзоби мухолиф шадидан заифанд. Ҳарчанд намояндагони ҳизбҳои дигар низ дар порлумон намояндагӣ доранд, ҳузури онҳо бетаъсир аст. Дар саҳнаи сиёсӣ низ ин ҳолат такрор мешавад. Барои муқоиса Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 40 000 узви сабтшуда дорад ва ҳизби ҳоким 230 000. Ҳукумат ахиран ҳамларо ба мунаққидонаш густариш дод. Бахше аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷанд ва бахши дигар барои солҳо зиндонӣ шудаанд. Дар моҳи майи соли равон муассиси ҳизби “Тоҷикистони нав” бо як қатор иттиҳом боздошт шуда, муҳокимааш идома дорад.

ИҚТИСОДИ ВОБАСТА

Иқтисоди кишвар ба таври фарогир вобастаи пулест, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд. Аз ҷумла, 3,6 миллиард долларе, ки онҳо дар соли гузашта ба Тоҷикистон фиристоданд 48 дарсади Даромади нохолиси миллии кишварро ташкил дод. Бонки Ҷаҳонӣ бар ин аст, ки ин маблағ дар соли 2013 наздики 4 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Аммо рушди нокофии иқтисодии Русия ва саркӯби давомдори муҳоҷирон дар ин кишвар, ба дунболи хушунатҳои ахити Маскав, мумкин аст, маҷрои пулро ба Тоҷикистон халалдор кунад. Иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин ба сармоягузориҳои Чин, дараҷаи ҳамкориҳои Узбакистон ва эътидол дар Афғонистони ҳамсоя бастагӣ хоҳад дошт.

АМНИЯТ ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Хуруҷи Неруҳои кумаки байнулмилалӣ ба Афғонистон мумкин аст, ки дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон холигоҳи қудратро ба вуҷуд орад. Номуайяниҳои марбут ба интихоботи президентии Афғонистон, ки апрели соли оянда баргузор мешавад, ҳамчунин мумкин аст, ба нооромиҳои ояндаи Осиёи Марказӣ сабаб гардад. Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар дохили кишвар ва мавҷудияти тоҷикон дар шабакаҳои ситезаҷӯи хориҷӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин мақомот, дар моҳи сентябри соли равон дар Душанбе гуруҳе кашф шудааст, ки мехост, дар ҷараёни интихобот ба чандин иншооти ин шаҳр ҳамла кунад. Гуфта мешавад, афроди ин даста аз Покистон вориди Тоҷикистон шудаанд. Мақомот барои коҳиши осеби эҳтимолие, ки метавонад аз тарафи ҷангҷӯёни хориҷӣ расад, чораҳои мушаххас надоранд. Идомаи равобити дӯстонаи Тоҷикистон бо Русия ва Чин ҳимояти онҳоро дар риштаҳои иқтисод ва амният таъмин мекунад. Аммо муносибатҳои сарди Душанбе бо Узбакистон ва равобити ноҳамвор бо Қирғизистон метавонанд мояи нигаронӣ ва монеаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва фаромарзӣ бошанд.
XS
SM
MD
LG