Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

П.Бадеску: "Миёни номзадҳо рақобат ва баҳси ҳақиқӣ нест"


Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозироони САҲА.
Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозироони САҲА.

Ахиран ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА гузориши миёндаврии худро дар робита ба раванди баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон нашр кард.

Ин ҳайат гуфтааст, ки Тоҷикистон аз аксари тавсияҳои қаблии САҲА сарфи назар кардааст ва интихоботи феълӣ дар чаҳорчӯби ҳамон қонунгузории интихоботи президентии соли 2006 сурат мегирад. Ҳамчунин дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои ин сабқат, баргузории интихоботи демократӣ, озод ва одилонаро ваъда додааст, аз миёни ҳафт номзад, яке аз онҳо бинобар монеаҳои маъмурӣ натавонистааст, имзоҳои матлубро ҷамъоварӣ кунад ва сабти ном шавад.

Хабарнигори Озодӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Параскива Бадеску, раҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амнияти ҳамкории Аврупо нахуст аз ин пурсид, ки Шумо ҷараёни маъракаи пешазинтихоботии Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё воқеан он, тавре гуфта мешавад, дилгиркунанда ва холӣ аз сабқат аст?

Параскива Бадеску: "Тавре мо дар ҳисоботи миёнадавриямон гуфтем, маъракаи пешазинтихоботӣ бештар хомӯшона гузашт, номзадҳо, ба истиснои президенти феълии кишвар, чашмрас набуданд. Кори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон барои ташкили шароити баробар барои ҳамаи номзадҳо сазовори таҳсин аст, вале ҳанӯз ҳам рақобат ва мубоҳисаҳои ҳақиқӣ миёни номзадҳо намерасад."

Озодӣ: Ҷамон тавр, ки дар боло ишора шуд дар ҳисоботи миёндавриятон гуфта шудааст, ки интихоботи Тоҷикистон дилгиркунанда аст. Чаро ба чунин хулоса омадед?

Параскива Бадеску: "Дилгиркунанда на барои мо, балки барои шумо, райъдиҳандагон ва кормандони ВАО мебошад. Бино бар ин фикр мекунам, ки ин суолро бояд ба худи интихобкунандагон дод. Мутобиқи оиннома, рисолати нозирони интихоботии САҲА, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар тарзи идора ва ташкили интихобот, маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, вазъи иҷрои қонуни интихоботӣ, инъикоси ҷарраёни интихобот дар ВАО-и Тоҷикистон, ширкати ақаллиятҳои миллӣ дар интихобот ва тарзи баррасӣ ва ҳалли арзу шикоятҳо доир ба интихоботро назорат мекунад."

Озодӣ: Интизороти шумо аз интихоботи 2013-и Тоҷикистон дигар буд?

Параскива Бадеску: "Ман ба ин суол посух намедиҳам, зеро мо танҳо нозир ҳастем ва назорат хоҳем кард. Аммо интихобот бояд ба таври демократӣ ва кушод гузарад."

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА ҳини сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ.
Раҳбари ҳайати нозирони САҲА ҳини сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ.
Озодӣ: Шумо ба ҳукумати Тоҷикистон эродҳои худро оид ба маъракаи пешазинтихоботӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда будед?

Параскива Бадеску: "Тавре пештар зикр кардем, ҳисоботи миёндаврии миссияи нозирони интихоботии САҲА, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар оид ба интихоботи президентӣ ин мавзӯъҳоро дар бар мегирад."

Озодӣ: Эҳтимол Шумо бо номзадҳо ба мақоми президентӣ дар робита ба вуҷуди фишорҳо вохӯрдед. Оё ягон нафаре аз онҳо дар мавриди фишору маҳдудиятҳо шикоят карданд?

Параскива Бадеску: Мо ба ҳама номзадҳо ва шахсони бо эътимоди онҳо вохӯриҳо гузаронидем. Дар мавриди ба фишор дучор шудани онҳо ягон шикоят ба мо нарасидааст. Ба истиснои як номзад, ки дар мавриди ҷамъоварии имзо шикоят карда буд. Айни ҳол нозирони миссияи мо оид ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо дар саросари кишвар итиллоъ ҷамъ оварда истодаанд, то ҷараёнро баҳогузорӣ намоянд. Иттилоот барои омода намудани ҳисоботи алоҳида вобаста ба ҷамъ овардани имзоҳо истифода хоҳад шуд. Ҳар тавре ҳам набошад, мо мушоҳида намудем, ки рӯзи 25-уми сенябри соли 2013 КМИРТ ба мавзӯи мавҷуд будани монеаҳо таваҷҷӯҳ кард. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо мактуби расмӣ карда, хоҳиш намуд то ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо мусоидат намоянд.

Озодӣ: Шумо сафарҳои президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ин вохӯриҳои пешазинтихоботист ё маъмулӣ?

Параскива Бадеску: "Президент Раҳмон, ки яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ мебошад, ба саросари кишвар сафар карда, бо намояндагони маҳаллӣ вохӯриҳо мегузаронад. Дар чорабиниҳои гуногун ширкат мекунад, иншооти дорои хусусияти иқтисодиву иҷтимоиро ифтитоҳ мекунад. Ин амал бо фаъолияти номзадҳои дигар, ки хусусияти зоҳирбинона дорад, сахт фарқ мекунад."

Озодӣ: Тоҷикистон кадом тавсияҳои ОБСЕ-ро дар робита ба маъракаи пеш аз интихоботӣ иҷро накард?

Параскива Бадеску: Ин панҷумин интихобот дар Тоҷикистон аст, ки Миссияи нозирони интихоботии САҲА, Дафтар оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар назорат менамояд. Ҳисоботҳои қаблии миссияи нозирони интихоботӣ миссия оид ба ҷамъоварии хулосаҳо ва назари дигар мутахассисонро дар бар мегирад. Дар ҳисоботҳо якчанд тавсияҳо, аз ҷумла дар мавриди маъракаи интихобот ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботро дар бар гирифтаанд, ки ба онҳо таваҷҷӯҳе зоҳир нашудааст.

Озодӣ: Дафтари шумо дар Тоҷикистон чанд нозир дорад ва онҳо дар кадом минтиқаҳо бештар фаъолият мекунанд?

Параскива Бадеску: Қайд кардан мехоҳам, ки 13 нафар кормандони асосии мо ба Тоҷикистон омада аз 2-юми октябр ба фаъолият шурӯъ карданд. Инчунин аз 10-уми октябр 13 нозири даромуддати дигар ба Тоҷикистон омаданд, ки дар минтақаҳои гуногун кор карда истодаанд. Боз дар баробари ин 150 нозирони кӯдоҳмуддати дигар то рӯзи интихобот бояд ба Тоҷикистон омада танҳо рӯзи интихоботро назорат мебаранд. Дар маҷмӯъ 200 нафар нозирон фаъолият мекунанд. Ҳамзамон мо аз парлумони Аврупо ва Маҷмаи САҲА 45 нозири дигарро интизор ҳастем.
XS
SM
MD
LG