Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ставропол камарбанди маргталабона пайдо карданд


Пулиси Русия дар минтақаи Ставропол мегӯяд, ки онҳо як камарбанди маргталаберо пайдо ва соҳиби эҳтимолии онро ҳам боздошт кардаанд. Рӯзи ҷумъа пулис гуфт, ки сагҳои бӯгир дар ҷараёни амалиёт дар атрофи шаҳри Ставропол таҷҳизоти қаввии худсохти таркандаро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи пулис дар дохили ин таҷҳизоти худсохт тақрибан ду килограм маводи тарканда ва детонатор ҷой кардаанд.

Баъдтар соҳиби эҳтимолии он боздошт шудааст. Вай як марди 30 сола аст, вале эълон накардаанд, ки вай сокини Ставропол аст ё ҷои дигар. Ҳафтаҳои пеш дар Волгоград дар як таркиши маргталабонаи автобуси мусофирбар 6 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG