Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди баландтарин муҷассама шурӯъ мешавад


Ҳинд ба бунёди бузургтарин муҷассама дар ҷаҳон шурӯъ мекунад, ки чаҳор баробар баландтар аз Муҷассамаи Озодӣ дар шаҳри Ню Йорки Амрико хоҳад буд. «Муҷассамаи Ваҳдат» дар ҷазираи санглохи аёлати Гуҷарат қомат меафрозад ва барои он 300 миллион доллар харҷ мешавад. Таркиби муҷассама аз оҳани гудохта аз техникаи қадимии кишоварзӣ хоҳад буд. Онро ба хотири Садар Патил, аввалин вазири умури дохилии Ҳинди мустақил бунёд мекунанд, ки ӯро «марди оҳанин» меномиданд. Харҷи он аз ҳисоби ҳукумати аёлати Гуҷарот ва кӯмакҳои хайрияи ҷомеа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG