Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар Маскав камтар ҷиноят кардаанд


Мақомоти Русия мегӯянд, ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар вилояти Маскав камтар шудааст. Виктор Ишенко, муовини сардори Раёсати умури дохилии ин вилоят, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, аз ҷумла дар нӯҳ моҳи гузашта муҳоҷирон 463 ҷинояти сангин содир кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 дар сад камтар аст. Вале ба гуфтаи Виктор Ишенко ҳар ҷинояти шашум аз тарафи муҳоҷирон содир мешавад ва аксаран шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон ва Украинаву Молдова дар ҷиноятҳо даст доранд. Айни замон ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҷиноятҳои муҳоҷирон аксаран маъмурист, вале мақомоти Русия саъй мекунанд, нақши муҳоҷирон дар вазъи ҷинояткорӣ дар кишварашонро бештар нишон бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG