Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон се тундрави исломиро куштанд


Як ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба қароргоҳи тундравони исломӣ воқеъ дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон ҳамла карда ва се нафари онҳоро куштааст. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, ҳавопаймои бесарнишин рӯзи панҷшанбе ин қароргоҳро дар наздикии шаҳри Мироншоҳ ҳадаф гирифтааст. Як ҳафта пеш аз ин Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, аз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико хоста буд, ки ба ингуна ҳамлаҳо дар Покистон хотима диҳад. Як рӯз пештар аз ин ҳамла, вазорати дифоъи Покистон хабар дод, ки аз соли 2008 то кунун, ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико бо 317 ҳамла дар Покистон, 2160 ҷангҷӯ ва 76 сокини осоиштаро куштаанд.
XS
SM
MD
LG